Толибон: Агар Русия пушти Тоҷикистон набошад, дар як ҳафта ин кишварро тасхир мекунем

© AP / Mohammad Asif KhanБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як фармондеҳи толибон мегӯяд, агар Тоҷикистон аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон даст накашад, нерӯҳои онҳо қодиранд, дар як ҳафта кишварро забт кунанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Тахори Афғонистон мегӯянд, муовини фармондеҳи Қулурдӯи 217-и умарии толибон ҳушдор додааст, ки нерӯҳои онон қодиранд, дар як ҳафта кишвари Тоҷикистонро тасхир кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сомонаи “8 субҳ”.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза, машҳур ба Мулло Ҷону, муовини Қулурдӯи 217-и толибон дар вилояти Тахор ин суханонро ахиран дар ҳузури вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон, ки ба Тахор сафар карда буд, баён кардааст.
Муовини Қулурдӯи умарии толибон ба Тоҷикистон ҳушдор дода афзуд, дар сурате ки ин кишвари даст аз “мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд”.
Айман аз-Завахири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
ИМА раҳбари "Алқоида"*-ро дар Афғонистон куштааст
Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба толибон барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.
Қаблан Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар хутбаи намози ҷумъае гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.
Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Таҳдиди ба ҳамсояҳо: шумораи даҳшатноки террористон дар Афғонистон ошкор шуд
Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибон борҳо гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд, аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад.
Ёдрас менамоем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон Тоҷикистон бо ин ҳукумат ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст.
Лентаи хабарҳо
0