Бародаркушӣ дар Душанбе: боздошти марде, ки додарашро то мурдан зад

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муноқишаи миёни бародарон дар соати сеи шаб сар зада, дар натиҷа додар аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҳалок шуд. Мақомот сабаби рух додани ин ҳодисаро шарҳ надодаанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда дар куштори бародари худаш гумонбар мешавад.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар содир кардани ин ҷинояти сангин як сокини 38-солаи пойтахт гумонбар дониста мешавад.
Гумонбаршуда шаби 2 ба 3 августи соли равон дар манзилаш бо бародари 35-солааш ҷанҷол кардааст. Бародари хурдӣ бар асари лату кӯб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, гуфт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст
Гуфта мешавад, ки дастгиршуда шаби 2-юм ба 3-юми августи соли 2022, тахминан соати 03:00, дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш марди 35-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, якдигарро лату кӯб намудаанд.
"Дар натиҷа, бародараш аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манба.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин ниҳод, аммо шарҳ надодааст, ки муноқиша миёни бародарон дар натиҷаи чӣ омил сар задааст ва гунаҳкори эҳтимолии қазия кадоме аз онҳо будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати куштори хешовандони задик аз сӯи ҳамдигар нест. Қаблан низ мақомот борҳо аз ҷунин ҳаводис хабар дода буданд
Лентаи хабарҳо
0