Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои исломӣ эълон шуд

© AP / Aaron FavilaТаджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото
Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Бозиҳои панҷум мебоист як сол пеш дар Истанбул баргузор мешуданд, аммо ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир афтоданд ва аз 9 то 18 август баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ширкат мекунад.
Мунтахаби кишвар иборат аз 64 нафар, аз ҷумла 47 варзишгар ба шаҳри Конияи Туркия, ки аз 9 то 18 август дар он ҷо мусобиқот баргузор мешавад, меравад.
Варзишгарон аз рӯи 8 намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва куштӣ рақобат мекунанд.
Бозиҳои панҷум мебоист як сол пеш дар Истанбул баргузор мешуданд, аммо ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир афтоданд.
Мусобиқаҳои имсола як имтиҳони аслии омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис хоҳанд буд.
Таджикские шахматисты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Пирӯзии занону шикасти мардон: идомаи бозии мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот
Интизор меравад, ки имсол дар ин мусобиқоти мураккаб дар Туркия варзишгарони 57 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Онҳо барои 483 медал мубориза мебаранд. Варзишгарон аз руи 23 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 баргузор мешавад.
Аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ барпо гардиданд, ки дар он Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ба Тоҷикистон медали тило овард. Дар риштаи таэквондо Наҷмиддин Ворисов (54 кг) медали нуқра гирифт.
Марвид ба зикр аст, ки мусобиқоти мазкур ҳар чор сол як маротиба доир мегардад ва варзишгарони Тоҷикистон то кунун дар он аз 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0