СҲШ бузург мешавад: талоши 10 кишвари дигар барои пайвастан ба ин созмон

© Пресс-служба Президента КазахстанаЗаседание Совета глав государств Шанхайской организации сотрудничества
Заседание Совета глав государств Шанхайской организации сотрудничества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳудуди даҳ кишвари дигари ҷаҳон талош доранд, узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шаванд ва барои узв шудан дар ин созмон аллакай иқдом кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Сурия, Қатар ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ворид шаванд.
"Ҳудуди 10 кишвар барои баланд бардоштани мақоми худ дар СҲШ дархост равон кардааст. Дар байни онҳо намояндагони кишварҳои арабӣ: Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб ҳастанд. Аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Мянмар, Камбоҷа ва Непал. Аз кишварҳои ҳамсоя – Арманистон ва Озарбойҷон. Мо миқёси бесобиқаи таваҷҷуҳро ба СҲШ мебинем", - шарҳ дод як манбаи воломақом ба "Известия".
Ғайр аз ин Иморот хоҳиш кардааст, ки бидуни паси сар кардани расмиёти бюрократӣ, фавран мақоми аъзоро соҳиб шавад.
Феълан раёсати СҲШ-ро Ӯзбекистон бар ӯҳда дорад ва азм дорад ва аз 15 то 16 сентябр дар шаҳри Самарқанд Шӯрои сарони кишварҳои узви ин созмон дар назар аст.
Ҳамоиши ҳамоҳангсозони СҲШ дар Тошканд: омодагӣ ба мулоқоти вазирону президентҳо
Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин ҷаласа, Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Баррасии таҳияи феҳрасти ягонаи гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва экстреместӣ дар СҲШ
Ҳоло ба СҲШ ҳашт кишвар – Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0