https://sputnik-tj.com/20220804/sokin-10-millionum-tojikiston-muayyan-1050479075.html
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд: посухи раиси Агентии омор
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд: посухи раиси Агентии омор
Ба гуфти роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон сокини 10-миллионуми кишвар аз рӯи методологияи байналмилалӣ ҳисоб ва муайян крада шуд
2022-08-04T10:26+0500
2022-08-04T10:26+0500
2022-08-04T13:04+0500
омор
дар тоҷикистон
таваллуд
аҳолӣ
иҷтимоъ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/17/1050208659_40:0:800:428_1920x0_80_0_0_db5608cdd19d8442f8fced1723002d31.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд.Ба гуфтаи Ҳисанова дар муайян кардани шаҳрванди 10-миллионум аз методологияи байналмилалӣ истифода шудааст."Аз рӯи ҳисоби натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 аҳолии Тоҷикистон 9 890 886 нафарро ташкил дода буд. Ба ҳолати 1 июл бошад, аҳолии кишвар аллакай ба 9 988 011 нафар баробар шуд. Баъдан аз рӯи таваллуд ва нишондиҳандаҳо ҳисоб карда шуд, ки 23 июл ин рӯзи таваллуди кӯдаки 10 миллионум аст. Вақти таваллуд, рӯзона аз соати 12:27 то 12:30 ҳисоб карда шуд", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.Ба қавли Ҳасанзода маҳз дар ҳамин соату дақиқа дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе, модари ҷавон Латофат Шокирова писари худро ба дунё овард, ки Фирдавс номгузорӣ шуд.Баъдан комисияи байниидоравӣ аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва вазорати тандурустӣ кор карда, кӯдакро муайян намуданд, афзуд роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.Ин дар ҳолест, ки зимни гузоришҳои аввалӣ аз таваллуд шудани сокини 10 - миллионум АМИТ "Ховар", сотаи ба дунё омадани ӯро 12:00 зикр карда буд.Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд: ӯ кист?Гуфта шуд, ки падари сокини 10-миллионуми Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.Манбаъ афзуд, ки аллакай бо гузашти ду ҳафта, теъдоди аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион нафар ҳам гузашт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/17/1050208659_227:0:800:430_1920x0_80_0_0_73c60235c88cd6c97d276588447415a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
омор, дар тоҷикистон, таваллуд, аҳолӣ, иҷтимоъ
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд: посухи раиси Агентии омор
10:26 04.08.2022 (Навсозишуда: 13:04 04.08.2022) Ба гуфтаи роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, сокини 10-миллионуми кишвар аз рӯи методологияи байналмилалӣ ҳисоб ва муайян карда шуд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд.
Ба гуфтаи Ҳисанова дар муайян кардани шаҳрванди 10-миллионум аз методологияи байналмилалӣ истифода шудааст.
"Аз рӯи ҳисоби натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 аҳолии Тоҷикистон 9 890 886 нафарро ташкил дода буд. Ба ҳолати 1 июл бошад, аҳолии кишвар аллакай ба 9 988 011 нафар баробар шуд. Баъдан аз рӯи таваллуд ва нишондиҳандаҳо ҳисоб карда шуд, ки 23 июл ин рӯзи таваллуди кӯдаки 10 миллионум аст. Вақти таваллуд, рӯзона аз соати 12:27 то 12:30 ҳисоб карда шуд", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.
Ба қавли Ҳасанзода маҳз дар ҳамин соату дақиқа дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе, модари ҷавон Латофат Шокирова писари худро ба дунё овард, ки Фирдавс номгузорӣ шуд.
Баъдан комисияи байниидоравӣ аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва вазорати тандурустӣ кор карда, кӯдакро муайян намуданд, афзуд роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
"Ин методолигияи байналмилалӣ аст, ки барои муайян кардани сокинони 7, 8 ва 9-миллионуми Тоҷикистон низ истифода шудааст", - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки зимни гузоришҳои аввалӣ аз таваллуд шудани сокини 10 - миллионум АМИТ "Ховар", сотаи ба дунё омадани ӯро 12:00 зикр карда буд.
Гуфта шуд, ки падари сокини 10-миллионуми Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.
Манбаъ афзуд, ки аллакай бо гузашти ду ҳафта, теъдоди аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион нафар ҳам гузашт.