Соҳибкорони Суғду Красноярск лоиҳаи нави сармоягузориро баррасӣ карданд

© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдМулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва Красноярск
Мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва Красноярск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соҳибкорони Суғду Красноярск имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Красноярск ва Суғд баргузор шуд.
Ин дидор, бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибир, баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Зимни мулоқот муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод кардааст.
Дар вохӯрӣ, имкониятҳои сармоягузории вилоят аз ҷониби сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин аз ҷониби ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева имкониятҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи вилояти Красноярск муаррифӣ шуд.
"Маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд", - гуфт ӯ.
Вилояти Суғд бошад барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В, доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва вилояти Красноярск, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Виноград сорта Шардоне на виноградниках  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Ангури Турсунзода ба Русия содирот мешавад
Дар вохӯрӣ аз вилояти Красноярск роҳбарони 16 корхонаҳои истеҳсолӣ ширкат намуданд. Инчунин роҳбарони 50 корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0