Низомиёни тоҷик дар Бозиҳои АРМИ-2022 барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонк"Танковый биатлон-2020". Индивидуальная гонка. Танк Т-72 команды военнослужащих Таджикистана
Танковый биатлон-2020. Индивидуальная гонка. Танк Т-72 команды военнослужащих Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Имсол мусобиқоти бонуфузи низомӣ дар қаламрави дувоздаҳ давлат, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артиш - 2022 (АРМИ) ширкат мекунад.
Маълум аст, ки сабқат имсол аз 13 то 27 август дар 12 давлат ҳамчун як чорабинии бузурги сол барпо мегардад.
Мусобиқот аз ҷумла дар Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Бори аввал яке аз шартҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад, гузаронидани "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дар умум, 275 даста аз 37 давлат ширкати худро дар сабқатҳо тасдиқ кардаанд.
“Туфон”-у чатрбозӣ: ба Раҳмон дар Фахробод чӣ нишон доданд? – акс
Дастаҳои Нигер ва Руанда бори аввал дар сабқати АРМИ - 2022 ширкат мекунанд.
Аллакай маълум аст, ки Ӯзбекистон, ки бори аввал мизбони Бозиҳои байналмилалӣ мешавад, 5 намуди сабқатҳо баргузор хоҳад кард.
Мусобиқаҳои “Ошхонаи саҳроӣ” ва “Устоди силоҳбадаст” дар Ҷиззах дар майдони “Фориш”, “Муҳити бехатар” дар майдони “Сазаган”-и Самарқанд баргузор мешаванд.
Ҳузури Раҳмон дар машқҳои махсуси тактикӣ дар Фахробод - видео
Қобили зикр аст, ки дар ҳама самтҳои дахлдори сабқат, низоми видеоконфронс, минтақаҳои WI-FI, хидматрасонии баландсуръати интернет, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои хидматрасонии операторони мобилии маҳаллӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои матбуотӣ ташкил карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0