Дар Тоҷикистон иқдомоти Вашингтонро маҳкум карданд. Чӣ боиси хашм шуд?

Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коммунистҳои Тоҷикистон аз воқеае, ки тамоми ҷаҳон муҳокима мекунад — сафари Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван дар канор намонда, мавқеи худро баён карданд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки аз амалҳое, ки амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунад, хабар медиҳад хабаргузории "Авесто".
Ин ҳизб пас аз сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван чунин изҳорот дод ва гуфт, ки "қатъиян зидди ин сафар" аст.
"Мо сафари ӯро ҳамчун як иғвои рӯшан дар рӯҳияи хатти таҷовузкоронаи ИМА оид ба боздоштани ҳамаҷонибаи Чин мешуморем", - омадааст дар изҳороти ин ҳизб.
Сиёсатмадорони тоҷик бар инанд, ки муносиботи миёни Чину Тайван - ин ба сиёсати доъилии Чин дахл дорад.
Ҳизби комунистии Тоҷикистон аз Вашингтон даъват кард, ки воқеияти нави геополитикиро эътироф кунад, ки дар он дигар барои гегемонияи Амрико ҷой нест.
ИМА омодагии худ барои ба ҷанг кашидани тамоми ҷаҳонро ба намоиш гузошт
Коммунистони Точикистон таъкид карданд, ки Чин ҳақ дорад, дар масъалаи Тайван барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ чораҳои заруриро бинад.
Қайд карда мешавад, ки Ҳизби комунистии Тоҷикистон мавқеи Ҳизби комунистии Чинро доимо тарафдорӣ мекунад.
Лавров ҳадафи сафари Пелосиро ба Тайван ошкор кард
"Мо бар ин боварем, ки танҳо як Чин вуҷуд дорад, ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ҳукумати қонунист, ки тамоми Чинро намояндагӣ мекунад ва Тайван як қисми ҷудонашавандаи Чин аст", - гуфта мешавад дар изҳороти расмӣ.
Лентаи хабарҳо
0