Ҳамон Аҳмади порина: тоҷикистониён мубталои COVID-е мешаванд, ки расман дар кишвар нест

© PixabayЗнак биологическая опасность
Знак биологическая опасность - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо устуворӣ ва қотеона мегӯяд, ки дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд надорад. Оё воқеан, чунин аст?
Навиштаҳои сершумор дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи хешовандон ва дӯстоне, ки ба “корона” гирифтор шудаанд, ҳеҷ гоҳ мақомоти иҷроияи маҳаллиро дар хиҷолат намегузоранд.
Вақте ки масъулини Вазорати тандурустӣ дурустии хулосаҳои лабораторияҳои иҷозатномадорро зери шубҳа мегузоранд, дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуфтан мумкин аст.
Онҳо ба он ишора мекунанд, ки на ҳама чунин муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, аз ин рӯ ҳама натиҷаҳои мусбати COVID-19 бояд аз нав санҷида шаванд.
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Чаро бархе ташхисҳои коронавирус дар Тоҷикистон мусбатанд? Вазир гуфт, хатои техникист
"Бовар кун, аммо бсанҷ" - равиш, аслан дуруст аст, аммо шумо набояд таъхир кунед. Ҳар рӯзи гумшуда ба афзоиши беназорати пандемия таҳдид мекунад, ки дар Тоҷикистон гӯё ба он хайрухуш кардаанд. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди коронавирус дар бораи эмгузаронии оммавии аҳолӣ бо хушнудӣ хабар дода, вазифаи онро иҷрошуда шуморида буд.
Аммо шахсан ман метавонам бигӯям, ки ҳама гузоришҳои пирӯзии вазорат дар бораи набуди беморӣ дар кишвар, нарм карда гӯем, ба воқеият мувофиқат намекунанд. Бе ягон истинод ба Интернет, балки аз шароити зиндагии кунунӣ мегӯям.
Тавзеҳ медиҳам - як рӯз пас аз нишасти матбуотии сардори ниҳоди тандурустӣ хоҳар, ҷияни ман ва духтараш ба коронавирус гирифтор шуданд. Бори дигар, барои сеюми бор. Бемориро зоҳиран тифли мактабхон аз мадраса овардааст.
Худи хоҳарам дар як созмони байналмиллалӣ кор мекунад, ки дар он ба ҳамаи кормандон санҷишҳои фаврӣ дода мешуданд, ки имкон медиҳад бемориро фавран муайян кунанд.
Пас аз гирифтани натиҷаи мусбӣ барои COVID-19, корхоа фавран сатҳи таҳдидро "зард" эълон кард ва ҳамаро ба кори фосилавӣ равон кард. Аммо ҳамсинфони духтари ҷиянам гӯё чизе нашуда бошад, таҳсилро идома медиҳанд.
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Доруи тоҷикӣ алайҳи коронавирус аз ҷорубак: шарҳи президенти Академияи илмҳо
Пас аз фаҳмидани ташхиси онҳо, хешовандон тасмим гирифтанд, ки дар лаборатория санҷиши муқаррарии тестӣ гузаронанд. Дар он ҷо коронавирус тасдиқ шуд ​​ва дар ин ҷо ҳодисаи аҷиб оғоз меёбад. Духтурон, чи тавре ки интизор мерафт, дар бораи ба қайд гирифта шудани ин беморӣ дар се нафар ба бемористони маҳалли иқомат хабар доданд ва аз ин рӯ, тамоми муоширати минбаъдаи табибон ва беморон танҳо тавассути телефон сурат гирифт.
Кор ниҳоят ба дасти кормандони бахши санитарию эпидемиологӣ афтид, ки онҳо низ аз дур гузарондани пурсиш, аз қабили ҳарорат, саломатӣ, сулфаро афзалтар донистанд ва ниҳоят зудтар шифо ёфтанро орзу карданд. Зоҳиран ба реестр ҳам дохил накарданд. Дуруст аст, чаро оморро сиёҳ кунанд.
"Аз сиёсати "шутурмурғ"-и Вазорати тандурустии мо хеле нороҳатам. Пинҳон нигоҳ доштани мавҷудияти бемории хатарноки вирусӣ дар кишвар метавонад ба натиҷаҳои пешгӯинашаванда оварда расонад. Ҳадди ақал режими ниқоб мувофиқи тавсияҳои ТУТ аз нав ҷорӣ карда шуд ва ин муфид хоҳад буд”, - бо нороҳатӣ изҳор дошт, эпидемиолог Дилором Раҳмонова.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Тасб аст, коронавирус нест: Усмонова вазъи эпидемиологӣ дар Суғдро шарҳ дод
Ман аз "эҷодкорӣ"-и роҳбарон дар ҳайрат мемонам. Ё зукоми мавсимии онҳо дар тобистон бадтар мешавад, ё "лабораторияҳо хато мекунанд" ё гармии ғайримуқаррарӣ мардумро маҷбур мекунад, ки зери кондитсионер оби хунук бинӯшанд.
Дар ҳолатҳои шадид, сокинон танҳо ба беморхонаҳо намераванд ва дар хона табобат карданро афзал медонанд. Умуман, ҳама гунаҳкоранд, ғайр аз мо.
Ду сол пеш раҳбари собиқи Вазорати тандурустӣ ҳамин усулро интихоб карда буд: ӯ дар саросари кишвар даъво мекард, ки дар Тоҷикистон ягон пандемия вуҷуд надорад. Дурӯғ ҳамагӣ як рӯз пеш аз омадани комиссияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Душанбе ошкор шуд, дере нагузашта ин мансабдор мақоми худро аз даст дод. Акнун кӣ бояд ба ҷумҳурӣ равад, то ба аҳолӣ ҳақиқат гуфта шавад? Шояд қадам задан рӯйи ҳамон қапқони қаблӣ басанда бошад?
Лентаи хабарҳо
0