Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани толибон

Ҳабибулло Воҳидзода Директор АКН РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, пас аз сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон қочоқи маводи мухаддир ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани толибон то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон.
Раиси агентӣ таъкид кард, ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Идораи истихбороти Русия гуфта буд, ки вазъ дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба Осиёи Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст.
Гашиш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Раҳимзода гуфт, толибон ваъдаашон дар бораи маводи мухаддирро иҷро накарданд
Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Русия гуфта буд, ки дар баробари авҷ гирифтани буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ба афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя, хатари вуруди террористони байналмилалӣ дар миёни гурезагон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия мусоидат мекунад.
"Дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Африқои Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 3,5 тонна мусодира шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,7 тонна баробар буд", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0