Баргузории нахустин Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

I Европейские игры. Бадминтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Федератсияи бадминтони Тоҷикистон хабар додааст, ки барои бори аввал дар Тоҷикистон Чемпионати минтақаии бадминтони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Бори аввал дар Тоҷикистон аз 11 то 15 август Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ доир ба бадминтон баргузор мегардад, иттилоъ додааст Федератсияи бадминтони Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур бадминтонбозони беҳтарин аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон ширкат меварзанд.
Макони баргузории мусобиқа “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе мебошад.
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Истиқболи Рустамова аз таъйиноти кадрӣ дар бахши варзиш
Тибқи маълумоти сомонаи “Википедия” бозии бадминтон дар Ҳиндустон “пуона” ном дошт. Афсарони анлис, ки дар Ҳиндустон буданд, василаҳои ин бозиро ба Англия бурданд. Соли 1873 дар ҷашне, ки шавқманди варзиш ва ношири силсилаи китобҳо оид ба навъҳои варзиш герсог Дик Бофорт дар хонааш барпо кард, ин бозӣ ҳам баргузор шуд. Чун номи қаср Бадминтон буд, ин бозӣ ҳам бадминтон ном гирифт.
Федератсияи байналмилалии бадминтон соли 1934 ташкил карда шуд, ки 149 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд.
Дар Тоҷикистон аз соли 1963 федератсияи бадминтон вуҷуд дорад. Аз соли 1974 дар ҷумҳурӣ доир ба бадминтон мусобиқаи варзишӣ доир карда мешавад.
Ҳоло дар ҷаҳон варзишгарони осиёӣ (Хитой, Ҷумҳурии Корея, Индонезия) афзалият дошта, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ 90 дарсади медалҳоро ба даст меоранд. Баъд аз онҳо варзишгарони Аврупо (Дания, Англия, Русия, Олмон, Нидерландия ва ғайра) меистанд.
Лентаи хабарҳо
0