Бунёди 500 корхонаи саноатии нав дар Хатлон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки то соли 2026 дар вилоят 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд шуда, ҳазорҳо нафар аз сокинони ин минтақа ба кор таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кившар бунёди 500 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ баъд аз пурра ба истифода додани ин коргоҳу корхонаҳо 13 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки дар соли 2022 бунёди 132 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2019
Шикояти соҳибкорони Хатлон аз камбудиҳои ҷойдошта ба Раиси Палатаи савдо ва саноат
Ба иттилои вай аз ин теъдод дар давоми шаш моҳи соли равон 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 2479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷкистон иттилоъ додааст, ки дар давоми 6 моҳи соли равон шумори корхонаҳои ғайри фаъол 673 коргоҳро ташкил дод.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумор 583 корхона мавсимӣ буда, 77-тои дигар коргоҳҳое мебошад, ки аз фаъолият бозмондаанд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то якуми январи соли равон 90-торо ташкил медод.
Боздиди Шералӣ Кабир аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Шералӣ Кабир ба масъулини ДОМ дар Хоруғ: Мутахассиси геология ва саноат омода кунед:
Масъулини Вазорати саноат сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо шарҳ доданд.
“Сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо пеш аз ҳама дар марҳилаи барҳамхурӣ қарор доштан, муфлисшавӣ ва мушкилоти молиявӣ, мавҷудияти қарз аз ҳисоби андоз ва баҳси амволӣ бо бонкҳо мебошанд”, - қайд кардааст Вазорати саноат.
Ҳамчунин вазорат сабаби фаъолият накардани корхонаҳоро ба фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳури рафтани роҳбарони корхона, бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дигар самт фаъолият доштани онҳо рабт додааст.
Лентаи хабарҳо
0