Чӣ доду чӣ гирифт? Тиҷорати наздик ба 1,5- миллиардии Суғд бо хориҷ

© AP / Ted S. WarrenГрузовые контейнеры, архивное фото
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шимоли Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ба маблағи наздики яку ним миллиард доллар тиҷорат доштааст, аммо ҳанӯз тавозуни савдои хориҷӣ манфӣ арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Мақомоти идораи гумрук дар Суғд мавқеъи кишварҳоеро шарҳ дод, ки дар самти савдои хориҷӣ ҳиссаи назаррас доранд.
Ҳаҷми умумии гардиши мол дар ҳудуди гумрукии вилоят давоми шаш моҳ ба 1 миллиарду 416 миллиону 770 ҳазор доллар расид, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли қаблӣ 391 миллион доллар ва ё 38% зиёд мебошад.
Анвар Оқилов, муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки дар ин феҳраст Русия дар мавқеи намоёнтарин қарор дошта, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба маблағи 256, 7 миллион $ мол ворид шудааст ва ин рақам 30 % ҳаҷми умумии воридоти моли гумрукии Суғд ба ҳисоб меравад.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра ҳаҷми воридоти мол аз кишварҳои хориҷӣ 896, 9 миллион доллар баробар шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 147, 4 миллион ё ин, ки 19, 7 % зиёд гуфта мешавад.
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Топ – 10 маҳсулоти содиротии Тоҷикистон
Ҳамчунин ба шимоли кишвар аз Қазоқистон бар арзиши 295 миллион, Чин 121, 4 миллион Ӯзбекистон 76, 8 миллион, Литва 30 миллион, Туркия ва Корея 22 миллионӣ, Латвия 10, 1 миллион ва Белорусия 7, 9 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.
Боқимонда аз давлатҳои дигар аз як то ҳафт миллион долларӣ мол ворид шудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё 88,4 % зиёд мебошад.
Вилоят дар ин давра ба маблағи 326, 2 миллион доллар маъдан ва консентрат, 53,3 миллион доллар нахи пахта ва наздик ба 53 миллион доллар либосвориву маҳсулоти кишоварзӣ ва семент содир кардааст.
Ҳаҷми воридот 896,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146,5 млн доллар ё 19,5 % бештар будааст.
Вилоят аз хориҷ бештар маҳсулоти нафтӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, таҷҳизоти саноатӣ, сӯзишвории дизелӣ, ғалла, равғани растанӣ ва нуриҳои минералӣ ворид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0