Дӯстии қавӣ: чӣ гуна равобити Тоҷикистону Русия шакл гирифт?

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соли 2022 Русияву Тоҷикистон 30-юмин солгарди барқарории равобиташонро ҷашн мегиранд: аз соли 1992 миёни кишварҳо беш аз 300 созишномаи гуногун имзо шудааст
Тоҷикистон ва Русия 8 апрели соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд.
Аз он вақт то имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Дар охири соли 2021 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар аз 1,3 миллиард доллар ҳам зиёд шуд. Ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар ҳоли рушд қарор дорад - Тоҷикистон бо 80 вилояти Русия робитаҳои тиҷоратӣ барқарор кардааст.
Лякин-Фролов: Путин ва Раҳмонро муносибати дӯстона ва эътимодбахш наздик мекунад
Дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиалҳои се донишгоҳи бузурги Маскав – Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ технологии “МИСиС” ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ “МПЭИ” фаъолият доранд.
Тавассути Россотрудничество ҳамасола барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Дар маҷмӯъ ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Даъвати Тоҷикистон аз соҳибкорони Тотористон барои сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар
Сарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстона доранд, ба ҳамдигар пайваста занг мезананд ва мулоқотҳои рӯбарӯ анҷом медиҳанд, ки дар рафти он масоили гуногун баррасӣ мешаванд.
Ҳамкориҳо байни давлатҳо дар ҳоли тақвият аст.
Маълумоти бештар дар бораи ҳамкориҳои Маскав ва Душанбе дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0