Эълони ҳукми зиндони Нуруллои кафтарбоз ва гурӯҳаш дар Тоҷикистон

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз саркардаи он як таппончаи "Макаров" низ мусодира шуда буд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе Нурулло Раҳимов, сокини пойтахтро, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби "Кафтарбоз" маъруф аст, барои қочоқ ва фурӯши беш аз 13 килою 10 гр маводи мухаддир ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Дар ин бора, Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Воҳидзода гуфт, ки ҳамзамон се шарики ӯ ту танашон шаҳрвандони Тоҷикистон ба 16-солӣ, инчунин шаҳрванди Афғонистон Расули Кабир барои 18 сол равонаи зиндон шудаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода Директор АКН РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани толибон
Яке аз афроди дигари гуруҳи ҷиноии Нурулло Раҳимов дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, афзуд мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод моҳи марти соли ҷорӣ ин гуруҳи муташаккили ҷиноиро, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буд, ошкор кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нуруллои 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар гузашта низ доғи судӣ дошт, ба зима доштааст.
Ин боздошти дувуми ӯст. Номбурда соли 1995 низ барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол 10 солро дар Русия паси панҷара сипарӣ карда буд.
Мақомот он замон гуфта буданд, ки ба ин гурӯҳ инчунин Соқиев Саъдӣ Ҷумъаевич, сокини шаҳри Душанбе, Минбоев Баҳрулло Иззатович (қаблан барои куштор зиндонӣ шуда будааст) сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷобиров Асроритдин Гулбоевич (қаблан барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда будааст), сокини шаҳри Душанбе, инчунин шаҳрванди Афғонистон Расули Кабирро шомил буда, кулли онҳо муваққатан дар шаҳри Душанбе ба сар мебурдаанд.
Оҷонсӣ мегӯяд, саркардаи гурӯҳи муташакил Нурулло Раҳимов чунин вонамуд кардааст, бо парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гӯё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, рӯз мегузаронад, аммо дар амал даст ба амалҳои харидуфурӯши маводи нашъадор мезадааст.
Гашиш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Раҳимзода гуфт, толибон ваъдаашон дар бораи маводи мухаддирро иҷро накарданд
Раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, ҳангоми боздошт аз раиси гурӯҳи ҷиноӣ як таппончаи "Макаров" низ мусодира шудааст.
Ӯ гуфт, ки агентӣ то кунун 77 нафарродар кофтуков эълон кардааст, ки аз ин шумора имсол шаш нафар дар ҷумҳурӣ ва чор нафар бо дархост дар Русия дастгир карда шуданд.
Ин ниҳод ҳамзамон аз афзоиши қобили мулоҳизаи мусодираи маводи мухаддир гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки зарфи шаш моҳ дар кишвар 2 тоннаву 578 килограмму 145 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 882,5 килограмм зиёд мебошад
Вай ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2022 аз ҷониби агентӣ фаъолияти 26 гурӯҳи ҷиноӣ иборат аз 47 нафар ошкор шуда, 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ иборат аз 6 нафар дастгир карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0