Масрафи наздик ба 32 миллион сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои кишвар

© Facebook / Инновейтив РоудКомпания "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" укладывают асфальт
Компания Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД укладывают асфальт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои кишвар дар соли равон маблағи бештаре масраф кардааст
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар соли 2022 барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгарди кишвар ба муассисаҳои давлатии Вазорат аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудонамудани 85 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби буҷаи ҷумуҳрӣ ба маблағи 31 миллиону 705,5 ҳазор сомонӣ ва аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияиҳо 3 миллиону 997,6 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру нигаҳдорӣ иҷро гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 96,7 дарсад ва буҷаҳои маҳаллӣ 66,7 дарсадро ташкил дод.
Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Мақомоти Суғд барои таъмири роҳ чанд миллион масраф кард?
Аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба 12 миллион 516,6 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардиданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2021-ум 50,9 дарсадро ташкил дод.
Тибқи таҳлилҳои вазорат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмири роҳҳо 80,3 дарсад, таъмири пулҳо 65,3 дарсад, таъмири облӯлаҳо 62,5 дарсад, таъмири ҷорӣ 63,1 дарсад, нигоҳдории нақбҳо ва равшаннамоӣ 129,8 дарсадро ташкил намуд.
Лентаи хабарҳо
0