Чаро шаҳри Норак нақшаи ҷамъоварии андозро иҷро накард? Шарҳи мақомот

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти шаҳри Норак ахиран гуфтанд, ки қарзи ин шаҳр аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 76 дарсад иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 43, 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, гуфт Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак, зимни нишасти матбуотӣ.
Вай таъкид кард, ки ин нишондиҳанда назар ба нақша 14,1 миллион сомонӣ кам мебошад.
Дар ҳамин ҳол, нозироти андози шаҳр иттилоъ додааст, ки қарздорӣ аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардида, беш аз 1 миллион сомонии он қарзи андози иҷтимоӣ мебошад.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Қарзҳои бузурги андоз: кӣ афзудаасту кӣ пардохт кардааст? – омор
Ёдовар мешавем, чанде пеш Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, гуфта буд, ки шаҳри Норак дар шаш моҳи соли равон беш аз 8 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунии вилоятро пардохт накардааст.
Ҳамзамон Дилшод Асозода дар нишасти матбуотӣ дар бораи шумораи муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, то кунун бо кумаки падару модарон 50 дарсади муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд.
“Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири мактабҳои шаҳр наздик ба 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст”,- гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0