Посухи тунди Чин ба сафари Пелосӣ ба Тайван ошкор шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями
Военнослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба далели рафтани сиёсатмадори амрикоӣ ин ҷазира метавонад дар вазъияти душвор қарор гирад: Чин чораҳои бениҳоят бераҳмона меандешад, мегӯяд коршинос
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Чин метавонад Тайванро ба далели боздиди ахири раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Нэнси Пелоси муҳосира кунад. Ин андешаро коршиноси низомӣ, сиёсатшинос, директори рушди Бунёди пешбурди технологияҳои асри XXI Иван Коновалов изҳор дошт.
Ба гуфтаи коршинос, ҳоло ҷаҳон интизори иқдоми қатъӣ аз Чин аст. Дар пасманзари омадани Пелоси дар Пекин изҳороти таҳдидомез садо дод ва раисиҷумҳур Си Ҷинпин ба маъмурияти Амрико ҳушдор дод, ки “бозӣ бо оташ хатари сӯхтани худро дорад”.
Коновалов таъкид кард, ки Чин ин ҳодисаро ба ҳадде ниҳоӣ набурд, аммо "ҳуқуқи маънавии ташдид додан" -ро гирифт. Бахше аз вокуниши Чин машқҳои густурдаи низомӣ буд, ки ин кишвар дар наздикии Тайван баргузор мекунад ва ҳамчунин маҳдуд кардани фазои ҳавоӣ дар болои ҷазира аз ин иқдомот аст.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Тоҷикистон мавқеи худро дар робита ба вазъи Тайван эълон кард
"Албатта, Чин ба кор бурдани чораҳои муҳосира идома хоҳад дод", - гуфт коршинос.
Пекин метавонад бо истифода аз маҳдудиятҳои сахт барои паст кардани сатҳи зиндагӣ дар Тайван, ба ҳадди шадид равад, илова намуд ӯ.
Коновалов хотиррасон кард, ки Пекин ва Тайбэй дар истеҳсоли микропротсессорҳо рақибонанд. Чин метавонад ҳам тавоноии иқтисодӣ ва ҳам истеҳсолии Тайванро коҳиш диҳад. Чунин чораҳо ҳатман ба Иёлоти Муттаҳида, ки аз ин микрочипҳо вобаста аст, таъсир хоҳанд кард, хулоса кард сиёсатшинос дар сӯҳбат бо Lenta.ru.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар атрофи ҷазира бинобар омадани раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелоси шиддат гирифт.
Чин ба ин сафари сиёсатмадори амрикоӣ эътирози шадид баён кард ва чанд изҳороти ҳушдоромез дод. Ин кишвар Тайванро музофоти худ мешуморад ва ба ҳар гуна алоқаи байни намояндагони Тайбэй ва ходимони ҳозира муқобил мебарояд.
Аммо Пелоси бо вуҷуди таҳдидҳои Пекин ба ҷазира рафт. Чин дар посух ба Тайбэй таҳримот ҷорӣ кард. Аз ҷумлаи маҳдудиятҳо ҷилавгирӣ аз фаъолияти ду хазина, манъи содироти қум, воридоти меваҳои ситрусӣ ва бархе аз навъҳои моҳии яхкардашуда аз минтақа ҷорӣ шуд.
Ҳамчунин, мақомоти Чин аз 4 то 7 август дар 6 минтақаи атрофи Тайван размоиши шадиди доир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0