Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе

CC BY 2.0 / Raelene Gutierrez / HookahКальян, архивное фото
Кальян, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба доми қаллобон афтиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 753 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ маводи истифодабарии чилимро дастрас менамояд, аммо номбурда то ҳол вадаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин пулис марди марди 37-солаи сокини дигари шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардааст.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Қаллобиҳо дар Душанбе: сокинон пули хона доданду соҳиби манзил нашуданд
Дастгиршуда, моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ якчанд намуд маҳсулот дастрас менамояд,
Аммо гуфта мешавад, ки ӯ маблағӽои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Назари худи афроди боздоштшуда ва ҷониби ҳимояашон то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0