Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марзи Афғонистон размоиши низомӣ мегузаронанд

© Министерство обороны УзбекистанаТаджикско-узбекские учения в Термезе
Таджикско-узбекские учения в Термезе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Машқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя таҳти назорати роҳбарияти олии низомии ҳар ду кишвар ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар тамрингоҳи низомии Тирмиз тамриноти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Иттиҳод – 2022” ҷараён дорад, гузориш медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ки як ҳайати бузурги низомӣ вориди Ӯзбекистон шуд, ки дар гарнизони Тирмиз ҷойгир шудааст. Афсарони тоҷику ӯзбек мувофиқи нақша амалиёти якҷояро омӯхтанд.
Дар маросими ифтитоҳи тамриноти муштарак генерал-майор Зайнобиддин Иминов, фармондеҳи ҳавзаи махсуси низомии ҷанубу ғарбии Ӯзбекистон ва генерал-майор Шароф Эгамзод, муовини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Низомиёни тоҷик "ҳамла"-и гурӯҳҳои ҷиноиро зимни тамринот рафъ карданд
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад.
Дар нуқтаҳои тамринӣ ва гузаргоҳҳои монеадор хизматчиёни ҳарбӣ дар машқҳои намоишӣ иштирок намуданд.
Онҳо техника ва усулҳои ҷанги наздик, аз майдони набард баровардани ярадоршудагон ва рафъ кардани ҳуҷуми душмани шартиро намоиш доданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки тамринҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон то кай идома хоҳад кард ва ҳамзамон теъдоди низомиён ва мошинҳои зиреҳпӯш дар ин размоиш мушаххас нест.
Лентаи хабарҳо
0