Ҳалокати духтари 17-сола дар садамаи мудҳиш

© Pixabay/Clark Van Der BekenАвтомобильная авария
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати духтари ҷавоне дар як садамаи мудҳиш хабар дод, ки дар шаҳри Кӯлоб рух додааст
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Духтари 17-сола, сокини деҳаи Зарбдор, ки дар ин садам ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта аст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст Вазорати умури дохитлаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ахиран ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс”, Раҳматов Амрохон Куганович, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Хайруллоев Сафаралӣ, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Орзуева Манижа Меҳроҷиддиновна, соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Зарбдор, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ додааст ВКД.
Ба гуфтаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Водительские удостоверения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0