Мақомоти Кӯлоб аз соҳибкорони Туркия, Эрон ва Белгия хоҳиши сармоягузорӣ карданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Кӯлоб ба шаҳрҳои Қунияи Туркия, Ҳамадонии Эрон ва Намури Белгия мактуб ирсол ва аз онҳо даъват кардаанд, барои бунёди корхонаҳо сармоягузорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки мақомоти шаҳр ва роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои тоҷикистон лоиҳаҳои бунёди 10 корхонаи саноатиро омода намуда, барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бо мактуби расмӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
“Ҳамзамон, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба маъмурияти шаҳрҳои Кунияи Туркия, Ҳамадонии Эрон ва Намури Шоҳигарии Белгия, ки бо шаҳри Кӯлоб бародаршаҳранд, мактуб ирсол ва аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки соҳибкорони худро ҷиҳати бунёди корхонаву коргоҳҳо ба МОИ “Кӯлоб” сафарбар созанд”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон Бахтиёр Назарзода гуфт, ки айни замон дар МОИ “Кӯлоб” 5 субъект қайд шуда, бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомошинаҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани рустанӣ ва набот идома доранд.
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард
Инчунин раиси шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки дар минтақаи саноатии шаҳр ба 11 соҳибкор қитъаи замин барои бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ҷудо гардид, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Мақомдори тоҷик гуфтааст, ки барои сари вақт ба истифода супурдани иншоот корҳо тибқи нақша идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0