Муҳаққиқ: Гумонам, суқути дубораи толибон наздик аст

© Sputnik / T.AZIMБывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик
Бывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон вобаста ба ҳазфи Рӯзи ошӯрои ҳусайнӣ аз тақвими расмии ин кишвар аз сӯйи толибон вокуниш нишон додааст
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҳукумати толибон таътилии рӯзи ошӯроро аз тақвими расмии Афғонистон ҳазф кардааст, навиштааст дар саҳифаҳои иҷтимоии худ Муҳамад Муҳаққиқ, раҳбари ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон.
"Шунидам, ки байрақҳои ошӯроиро аз бархе шаҳрҳо ҷамъ карданд ва низ монеаи насби порчаҳое шуданд ки музайян ба исми зебои Сайиди ҷавонон биҳишт бӯдааст. Худо хайр кунад", - навиштааст ӯ.
Муҳаммад Муҳаққиқ, гуфт ки гумон мекунам суқӯти дубораи толибон наздикаст.
Ин дар ҳолест, ки вазорати кор ва умӯри иҷтимои толибон дар остонаи фаро расидани ошӯро гуфта, ки таътилии рӯзи ошӯро аз тақвими Афғонистони ҳазф шудааст .
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазири корхои хориҷии ҳукумати худхондаи толибон Амирхон Муттақӣ гуфт, ба ҳукуматдорони нави Афғонистон давоми қариб як соли роҳбарии худ дар ин мамлакат муяссар гардид, ки амният, инчунин кори ниҳодҳои асосии давлатӣ таъмин гардад.
Коренев: полномасштабное афганское вторжение в Таджикистан невозможно
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Коршинос хатари ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти нави Афғонистон низ тавонистанд, ки тамоми кормандони собиқи вазоратҳои давлатиро дар худ нигоҳ доранд, ироаи хадамоти оддии давлатиро ба мардуми Афғонистон ташкил кунанд, "барои аввал фасодкорӣ тақрибан аз байн рафт".
Вай ёдовар шуд, ки барои ҳамаи мухолифони сиёсӣ ва низомӣ афв эълон шудааст, "барои аввал дар таърихи Афғонистон сиёсати таҳаммулпазирӣ эълон шуд, касе ба далели идеологияҳои сиёсӣ аз кор ронда нашуд".
Маврид ба зикр аст, ки толибон минаи моҳи августи соли 2021 пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба қудрат расиданд.
Ин гуруҳ ҳукумати худро ташкил дод, аммо наздик ба як сол мешавад, ки бинобар иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта намешавад.
Лентаи хабарҳо
0