Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Сафари раисҷумҳур ба шимоли Тоҷикистон ба хотири боздид аз рушди минтақа буда, зимни он ифтитоҳи як қатор муассисаву корхонаҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд хоҳад рафт.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари президент фардо 9 август оғоз гардида, чаҳор рӯз идома мекунад.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар аз 9 то 12 авгус аз шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Бӯстону Гулистони вилоят дидан хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ зиндагиву мулоқотҳо бо сокинон ва фаъолони вилоят ва ҳамзамон баҳрабардорӣ аз корхонаҳои навбунёд мебошад.
Қаблан Идораи БДА Суғд бо нашри эълони расмӣ сана ва кӯчаҳое, ки дар онҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт зимни сафари раисҷумҳур муваққатан маҳдуд мешавад, хабар додааст.
Знак Стоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Эълони чаҳор рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз кай ва дар кадом шаҳру ноҳияҳо
Ҳамин тариқ рӯзи 9 августи соли 2022 ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Гагарин, Сирдарёи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, роҳи ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Боғи миллӣ, кӯчаҳои шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мешавад.
Рӯзи 10 август роҳи ҷамоати деҳоти Пошкент, ва кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан маҳдуд мешавад.
11 август бошад маҳдудият дар роҳи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом сурат мегирад.
Билохира 12 август ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, А. Шукуҳӣ, И. Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев, С. Умаров, Сирдарё то гардиши Ором, роҳи ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматов, Боғи миллӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ва Бӯстон маҳдуд карда мешавад.
Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз сокинон дархост кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои дар боло зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0