Низомиёни тоҷик барои намоиши қудрат вориди Флоти Балтика шуданд

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкРакетный крейсер "Маршал Устинов"
Ракетный крейсер Маршал Устинов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Дар Калининград озмуни байналмилалии "Ҳамлаи баҳрӣ-2022", ки дар он низомиёни Осетияи Ҷанубӣ, Венесуэла, Гвинея, Эрону Тоҷикистон ширкат мекунанд, оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти баҳрӣ дар чаҳорчӯби Бозиҳои байналмилалии артиш-2022 ба Флоти Балтика расиданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи низомии ғарбӣ.
Чорабиниҳои баҳрӣ-2022 дар Калининград аз 13 то 27 август доир мешаванд. Дар онҳо низомиёни шаш кишвар: Русия, Тоҷикистон, Эрон, Венесуэла, Гвинея ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард.
Ҳамаи иштироккунандагон аллакай дар машқгоҳи Хмелевка флоти Балтика мебошанд. Чи тавре ки интизор мерафт, хизматчиёни ҳарбии рафтаро бо нону намак, ки дар минтақаи полки алоҳидаи инженерии баҳрни Флоти Балтика гузошта шудаанд, пешвоз гирифтанд.
 Учения ОДКБ Кобальт-2022 на полигоне Эдельвейс  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Дар Қирғизистон "террористон" дастгир ва тирборон шуданд: видеои ҷолиб аз размоиши СПАД
Дар рузҳои наздик намояндагони маъмурияти мусобиқа ба иштироккунандагон ва сардорони бригадаҳо нақшаи мусобиқа ва шартҳои онро мефаҳмонанд.
Қобили зикр аст, ки имсол мусобиқоти бонуфузи низомии АРМИ дар қаламрави дувоздаҳ давлат, аз ҷумла Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор мешавад.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳо дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж", ки ба Венесуэла бовар карда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0