Солеҳ: Ҷасади Аззавоҳирӣ пинҳонӣ дар Қандаҳор дафн шуд аст

© Пресс-служба правительства АфганистанаАмрулло Солех, заместитель президента Афганистана
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Муовини раисҷумҳури гурезии Афғонистон навишт, ҳозир нашудани мардуми Бомиёну Панҷшер дар роҳпаймоии дастурии Толибон далели мутанаффирии мардум аз ин гурӯҳ аст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури гуезии Афғонистон дар баргаи рухномааш дар вокуниш ба роҳпаймоии супоришии толибон дар бархе вилоятҳои Афғонистон навиштааст, ки нокомии тазоҳуроти фармоишии ахир нафрати умумиро нисбат ба гуруҳи ҷиноятпешаи толиб ба намоиш гузошт.
Вай афзуда аст, ки бо онки аксари масоҷид дар ихтиёр гумошташудаҳои толиб қарор дорад аммо мардум ба онҳо аҳамият намедиҳанд.
Вилояти панҷшер бо ҳузурёбии ҳафт нафар, Бомиён бо 35 нафар дар ин тазоҳурот дар намоиши нафрату инзиҷор аз толиби рекорд қоим карданд.
Айман аз-Завахири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Қатли раҳбари "Алқоида"* дар Кобул: изҳори бехабарии толибон аз вуҷуди ӯ дар Афғонистон
Ӯ ҳамчунон дар бораи ба хоксупории раҳбари алқоъида дар Қандаҳор навиштааст, ки касе аз Қандаҳор бо ирсоли аксу курдинот бароям муддаӣ шудааст, ки ҷасади Аззавоҳирӣ ҳамроҳонаш дар вулусволии Панҷуваӣ махфиёна дафн гардида аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанд рӯзи пеш Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки дар юриши паҳподии Амрико дар Кобул Айман Аззавоҳирӣ раҳбари “Алқоъида”* кушта шудааст ва бинобарин дирузи гурӯҳ толибон мехостанд тазоҳуротиро дар ҳамаи вилоятҳои Афғонистон бар зиди Амрико ба роҳ баёндозанд, ки дирӯз бо вуҷуди ҳушдорҳои гурӯҳи толибон бошандагони Бомиёну Панҷшер ҳозир ба роҳпаймоӣ бар зидди Амрико нашуданд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0