Стивен Сигал дар бораи Донбасс филм меофарад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАктер, продюсер Стивен Сигал
Актер, продюсер Стивен Сигал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Обуна шудан
Ҳунарманди машҳури амрикоӣ ба ҶМД ташриф оварда, бо асирони ҳарбии украинӣ дидору мулоқот намудааст. Ӯ гуфт бо филмаш ҳақиқати ин низоъро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Продюссери филм ва ҳунарманди машҳури амрикоӣ Стивен Сигал тасмим гирифтааст дар бораи ҳаводиси Донбасс як филми мустанад ба навор гирад.
Роҳбари ҶМД, Денис Пушилин ба радиои Sputnik хабар додааст, ки ҳунарманд аллакай аз боздоштгоҳи муваққатии Еленовка, ки маҳбусон бар асари ҳамлаҳои низомиёни украинӣ кушта шудаанд, дидан кардааст.

"Дар вохӯрӣ Стивин қайд намудааст, 98 фисади онҳое, ки дар бораи ин низоъ дар расонаҳо ҳарф мезананд, аз ин ҷойҳо дидан накардаанд. Аз ин рӯ ҷаҳон асли воқеаро намедонад", - афзудааст Сигал.

Ин ҳунарманд қайд намудааст, ки бо офаридани филм назари ҷаҳон ба ин низоъ тағйир медиҳад.
Қаблан, нерӯҳои украинӣ рустои Еленовкаи ҶМД-ро тирборон карда, ҳашт хумпораи калибри 122-миллиметрӣ партоб кардаанд.
Президенти Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Пресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Пушилин гуфт, барои барқарории Донетск аз Кореяи Шимолӣ бинокоронро даъват мекунанд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ аз амалиёт дар Украина озодкунии Донбасс номида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0