Кӯдакони тоҷик ба як форуми муҳими фарҳангӣ ба Маскав мераванд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкРабота реабилитационного центра для детей, архивное фото
Работа реабилитационного центра для детей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Пойтахти Русия мизбони чорабинии муҳими фарҳангӣ миёни кӯдакон мегардад, ки он ба хотири ҳамгироӣ ва гуфтугӯи наслҳо доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳайати кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон аз Анҷумани фарҳангии кӯдакон дар Русия дидан хоҳад кард.
Ин чорабинӣ дар шаҳри Маскав дар ҳудуди ВДНХ аз 24 то 28 август баргузор мешавад.
Дар ҳамоиш беш аз 1,5 ҳазор кӯдаки лаёқатманд аз тамоми манотиқи кишвар ширкат хоҳанд кард.
Намояндагони Беларус, Осетияи Ҷанубӣ, Сербистон, Ӯзбекистон, ҶМД, ҶМЛ, Миср ва Абхозистон низ иштироки худро тасдиқ кардаанд.
Барнома аз қисмати таълимӣ ва фестивалӣ иборат буда, беш аз 60 чорабиниро дар бар мегирад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия.
"Лоиҳаи намоишии Анҷумани фарҳангии кӯдакон таҳия шудааст, ки барои нахустин бор аз 24 то 28 август дар Маскав баргузор мешавад. Барнома аз қисмати таълимӣ ва фестивалӣ - дар маҷмӯъ беш аз 60 чорабинӣ иборат аст", - омадааст дар хабар.
Барнома рӯзи 25 август бо иҷлосияи "Кӯдак ва фарҳанг. Гуфтугӯи наслҳо" бо ширкати Сергей Безруков, Игор Бутман, Елена Гагарина, Юлиана Слашева, Николай Тсискаридзе оғоз мешавад.
Онҳо дар бораи таҷрибаи касбии худ, асрори комёбиҳо нақл мекунанд, ба саволҳо ҷавоб медиҳанд.
Сотрудничество в образовании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф
Яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамоиш, ба гуфтаи созмондиҳандагон, муколама бо вазири фарҳанги Русия Олга Любимова хоҳад буд.
Кӯдакон имкон пайдо мекунанд, ки лоиҳаҳои худро ба вазир пешниҳод кунанд, ки ба дастгирии бахши фарҳанг ва эҷодиёти кӯдакон нигаронида шудаанд. Беҳтарин лоиҳа метавонад маблағгузории федералиро соҳиб гардад.
Дар барнома вохӯриҳо бо ходимони машҳури маданият ва гуфтугӯҳо оид ба санъати театрӣ, саҳнавӣ ва мусиқӣ пешбинӣ шудаанд.
Дарсҳои маҳорати филмсозӣ, аниматсия, рақси мардумӣ, инчунин санъати тасвирӣ аз Донишкадаи рассомии Москва ба номи Суриков ва санъати мусиқии Юрий Башмет ба нақша гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0