Русҳо Тоҷикистонро меписанданд: афзоиши талабот ба парвозҳои самти Душанбе

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Обуна шудан
Як хадамоти маъруфи сайёҳӣ дар Русия гуфт, ки то чӣ андоза талабот ба харидории чиптаҳои миёни русҳо ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тоҷикистон боз ба қатори кишварҳое шомил шуд, ки сайёҳони рус бештар аз 1 то 31 август чипта гирифтаанд.
Барои ба чунин хулоса омадан, маълумот дар бораи фармоиши чиптаҳои ҳавопаймо бо парвози минбаъда таҳлил карда шуд.
Бино ба маълумоти OneTwoTrip, хадамоти банақшагирии сафар барои сафар ба Русия ва кишварҳои ИДМ, талабот ба харидани чиптаҳо ба самти Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 12% афзоиш ёфтааст.
Сайёҳонро нархи нисбатан арзони парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон – ҳудуди 15 ҳазор рубл ҷалб кардааст.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Шумори сайёҳони хориҷӣ дар Суғд афзудааст: аз ҳама бештар ӯзбекону русҳо омадаанд
Дар баробари ин, русҳо ба ҳамин миқдор (12%) ба Ӯзбекистон ва Беларус таваҷҷӯҳ доранд.
Дар байни дигар кишварҳои хориҷи наздик талабот ба Гурҷистон 18 фоиз ва Қазоқистон 15 фоиз афзудааст.
Дар мавриди масирҳои маъмултарин барои русҳо, дар 50 кишвари ҷолиб, ҳиссаи фармоишҳо ба Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустон бештар мушоҳида мешавад. Ба ин масирҳо таваҷҷуҳ ду маротиба бештар шудааст.
Илова бар ин, онҳо ба харидани чиптаҳо ба Ветнам 71% бештар ва 67% ба Таиланд шурӯъ карданд.
Лентаи хабарҳо
0