Ғаллаи Украина куҷо меравад?

© Sputnik / Егор Еремов / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых. Архивное фото
Уборка зерновых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тавре маълум шуд, киштиҳои ғаллаи украинӣ, ки мебоист проблемаи гуруснагӣ дар минтақаҳои камбағалтарини ҷаҳонро ҳал кунанд, ба Аврупои ғанӣ фиристода мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Лев Скляр. Sputnik хатсайрҳои киштиҳои боркаширо омӯхта, муайян кард, ки маводи "башардӯстона" ба куҷо меравад ва дар ниҳоят кӣ дар буҳрони ҷаҳонии ғизо гунаҳкор аст.

Чӣ тур Аврупо ва СММ Африқоро аз гуруснагӣ "наҷот доданд"?

Бо оғози амалиёти низомӣ иттиҳомоти эҷоди хатари гуруснагии ҷаҳонӣ пас аз таҳримҳо болои Русия борид. Маскавро бинобар "роҳандозии ҷанги ғалла" ба "дуздии ғалла" ва "қаҳтии шадид"-и нав дар Украина ва муҳимтар аз ҳама дар муҳосираи бандарҳои Украина муттаҳам карданд. Макрон ва Шолтс бо ҳам мубориза мебурданд, ки бе гандуми Одесса ва Черноморск кишварҳои африқоӣ ва дигар минтақаҳои фақир ба гуруснагӣ, беморӣ ва ҷанг гирифтор мешаванд.

"Мо ин кишварҳои камбизоатро танҳо намегузорем, мо онҳоро ҳатман дастгирӣ мекунем", - ваъда дод садри аъзами Олмон.

Ҳамаи ин ҳамлаҳо тавассути СММ анҷом шуданд. Антониу Гутерриш, дабири кулли ин созмон дар моҳи май гузориш дода буд, ки сокинони 43 кишварро "гуруснагӣ таҳдид" мекунад ва имрӯз миллионҳо нафар дар Афғонистон, Сурия ва Яман бо камбуди шадиди ғизоӣ мувоҷеҳ шудаанд. Ба эътиқоди дабири кулли СММ, ин мушкилот, албатта, дар натиҷаи низои Русияву Украина шадидтар шудааст.
Баъд моҳи июл омад. Русия, Украина, Туркия ва СММ “созишномаи муомилоти ғизоӣ” имзо карданд: низомиён ба содироти ғаллаи Украина аз Одесса ва Черноморск монеъ намешаванд, комиссияи муштарак киштиҳоро барои қочоқи силоҳ тафтиш мекунад ва СММ уҳдадор мешавад, ки то шароити интиқоли маҳсулоти кишоварзии Русия ба бозорҳои ҷаҳониро фароҳам кунад.
Чунин ба назар мерасад, ки ҳама хушбахтанд, кишварҳои камбизоати африқоӣ аз гуруснагӣ наҷот ёфтаанд ва Аврупо дигар чизе барои айбдор кардани Русия надорад.

Шиноварӣ...

Созмони Милал оғози содироти ҷуворимаккаи Украинаро тавассути баҳр "захираи ғаллаи наҷотбахш" номид. Аммо онҳо мушаххас накарданд, ки он киро наҷот медиҳад.
Ҳанӯз як киштии боркаш бо ғизои украинӣ ба кишварҳои гурусна - Яман, Сомалӣ ва Ҳабашистон нарафтааст. Аксарияти киштиҳо аз Одесса ва Черноморск ба Аврупо мераванд.
Пшеница, собранная на полях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Ғарб ҷаҳонро ба гуруснагии бидуни гандуми Украина омода мекунад
Аз 12 киштии боркаш, ки аз 1 то 11 август аз бандарҳои Украина баромада буданд, танҳо дутоаш ба Африқо ва Ховари Миёна рафтааст. Аммо Лубнон, “ниёзманди шадиди гандум” аллакай аз бори аввал, ки тавассути “Разонӣ” интиқол дода шуда буд, даст кашидааст. Ин ғалла, ки гӯё Русия ба хуруҷи он монеъ шуда буд, то имрӯз дар як лангар дар соҳили Туркия мунтазири харидори нав аст.
Аммо "коргоҳҳои ҳаётбахш"-и кишварҳои "дунёи якум" аз онҳо даст накашиданд. Ҳоло ду киштии ғизоӣ ба Итолиё ва Юнон меравад, Хорватия ва Ирландия саҳми нафту ғалларо интизоранд, ҳатто Кореяи Ҷанубии сарватманд барои эҳтиёҷоти худ 65 ҳазор тонна ҷуворимакка харидааст. Аммо бештар аз ҳама интиқолҳои "башарӣ" (то се киштии боркаш)-ро ба дасти иштирокчии "муомилаи ғизоӣ" - Туркия дарёфт кардааст.
Аз 375 ҳазор тонна маводи ғизоии аз Украина содиршуда 217 ҳазор тоннаашро харидорони аврупоӣ дарёфт кардаанд.
Боз як далели ҷолиб дар ҷуғрофияи таъминоти ғалла номутобиқатӣ дар маълумоти СММ дар бораи самти онҳо мебошад. Ҳамин тавр, киштии "Рожен" бо 13 ҳазор тонна ҷуворимакка дар аввал мебоист ба Тееспорти Британия мерафт. Аммо вай баъди аз Черноморск рафтан самти ҳаракаташро дигар карда, ба бандари Равеннаи Италия равон шуд. Айни замон, тибқи гузориши “Marine Traffic” он дар баҳри Адриатик шино мекунад.
© Sputnik Украинский грузовой корабль на схеме
Украинский грузовой корабль на схеме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Украинский грузовой корабль на схеме
Қиссаи мушобеҳе низ бо киштии “Мустафо Неҷатӣ” иттифоқ уфтод, ки он ба ҷои Итолиё чандин тонна рӯғани офтобпарастро ба Хорватия фиристод.
© Sputnik Украинский грузовой корабль на схеме
Украинский грузовой корабль на схеме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Украинский грузовой корабль на схеме
Ҳамин тариқ киштии боркаши "Стар Ҳелена", ки ба ҷои Чин Юнон рафт.
© Sputnik Украинский грузовой корабль на схеме
Украинский грузовой корабль на схеме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Украинский грузовой корабль на схеме
Аз афти кор, харидорон дар лаҳзаи охир "муноқиса" барпо намуда, ба Киев нархномаи худро барои захираи ғалла пешниҳод карданд. Дар баробари боло рафтани нархи нон дар мағозаҳои Аврупа ва норозигии аҳолӣ бо кадом роҳ мубориза бурдан лозим аст. Ва чунон ки шумо медонед, дар кисаи олигархҳо ва сиёсатмадорони Украина ҳамеша фазои иловагӣ вуҷуд дорад. Созишномаҳои қаблӣ муҳим нестанд, “касе ки бештар пул медиҳад, мусиқиро фармоиш хоҳад дод”.

"СММ изҳороти сиёсӣ дод"

Агар ин ҳама далеле ба коҳиши нақши СММ набошанд, пас аз сиёсӣ ва тобеи Ғарб шудани ин низом ҳикоят мекунанд. Аркадий Злочевский, президенти Иттиҳоди ғаллаи Русия дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, аз аввал СММ, Украина ва ИМА бо Иттиҳодияи Аврупо нақша надоштанд, ки ба кишварҳои гирифтори гуруснагӣ кумак кунанд.
"Ман ҳеҷ гуна уҳдадориеро дар шартномаҳо надидам, ки онҳоро муваззаф ба фиристодани ғалла ба Африқо ё истеъмолкунандагони мушаххаси ғалла намояд. Ҳар кӣ пул медиҳад, онро мегирад. Ин як кори маъмулист”, - гуфт коршинос.
Пас маълум мешавад, ки кишварҳои НАТО, албатта, худашон, ки масъули фалокатҳои башардӯстона дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ ҳастанд, бори дигар аз мушкилоти дигарон фоида ба даст овардаанд. Зиёда аз ин амалиёти онҳо хавфи гуруснагӣ дар манотиқи фақири Африқо ва Осиёро боз ҳам зиёд кард. Баъд аз ҳама, дар ҳоле ки ғаллаи Украина бар асари минаҳо ва амалиёти ҷангии Киев дар бандарҳо банд монда буд, ғизои Русия бинобар таҳримҳои Ғарб ба зӯр ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид шуд.
Лентаи хабарҳо
0