Мақомоти Суғд: Маъракаҳо кам шуданду қонуншиканиҳо зиёд

© Sputnik Амир ИсаевПраздничный дастархан в Душанбе
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон чандин маъракае сабт гардидаанд, ки баргузории онҳо хилофи Қонуни танзими кишвар сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Масъулони идораи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳукумати Суғд мегуянд, намояндагони касбу кори гуногун дар вақти баргузор намудани маърака қонуншиканӣ кардаанд.
Бино ба иттилоъи Суҳроб Рустамзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ 106 ҳолати қонуншиканӣ дар вақти баргузории тую сур ошкор гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ бештар будааст.
Суҳроб Рустамзода гуфт, ки дар ин давра чандин мавриди баргузории ҷашни зодрӯз ва хатнасур ошкор шудааст, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад. Ӯ тавзеҳ дод, ки қонуншиканиҳо бештар аз ҷониби киҳо сар задаанд.
Таджикские пенсионеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Ҳукумати Суғд ба пирони танҳо чӣ кумак мерасонад
“Тибқи таҳлилҳо маълум гардид, ки аз шумори онҳое, ки муваққатан бекоранд 75 нафар, омӯзгорон 3 нафар, аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ 22 нафар, кормандони соҳаи тиб 2 нафар, роҳбарони тарабхонаҳо 9 нафар, сарояндаҳо 2 нафар, соҳибкорон 5 нафар ва боқимонда соҳибони касбу кори гуногун дар вақти баргузории хилофи қонуни танзим амал кардаанд” – изҳор намуд, Рустамзода.
Ин дар ҳолест, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 дар вилояти Суғд 8276 баргузории маъракаву маросим сабт шудааст, ки рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 105 адад кам будааст.
Масъулини ҳукумат мегуянд, дар ин давра 1445 маъракаи “чил”, 900 маъракаи “сол” ва наздики 6000 маъракаи арӯсию домодӣ дар шаҳру навоҳии Суғд доир гардида дар умум барои баргузории онҳо 47 миллиону 827 ҳазору 650 сомонӣ харҷ шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0