Дар Тоҷикистон аз афзоиши гардиши молу коло гузориш доданд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / Rolls of dollar banknotes in shopping cartДоллары в миниатюрной тележке
Доллары в миниатюрной тележке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Афзоиши воридот дар Тоҷикистон аз аввали сол 24,2 дарсадро ташкил дод, вале содироти коло аз кишвар ба хориҷ ҳамоно манфӣ арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Аз оғози соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,5 миллиард долларро ташкил додааст, хабар медиҳад "Авеста".
Афзоиши воридот дар ҷумҳурӣ 24,2 фоизро ва ё ба 447,2 миллион доллар баробар будааст. Маблағи умумии он ба 2,3 миллиард доллар баробар шудааст.
Содироти мол бошад, 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 0,1% ё 1,6 миллион доллар кам шудааст.
Шарикони асосии тиҷорати содиротии Тоҷикистон Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ӯзбекистон мебошанд.
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Чӣ доду чӣ гирифт? Тиҷорати наздик ба 1,5- миллиардии Суғд бо хориҷ
Ҳамин тариқ, гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин дар нимсолаи аввал 669,8 миллион доллар ва ҳаҷми воридот ҳудуди 447,4 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи омор, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон бошад, 20,2 дарсади ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.
Танҳо дар 6 моҳи соли 2022 ба Қазоқистон ба маблағи умумии беш аз 245,1 миллион доллар маҳсулот содир шудааст.
Аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 397,1 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти дигар дар бораи тиҷорат бо кишварҳои шарик ҳанӯз пешниҳод нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0