Тоҷикистон мунтазири марҳалаи нави ваксиназанӣ алайҳи коронавирус аст

© Sputnik / Алессандро Рота / Гузариш ба медиабонкВ Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться "Спутником V"
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Дар ҷумҳурӣ омодагиро ба реваксинатсияи нави шаҳрвандон оғоз кардаанд, то аз афзоиши эҳтимолии мавсимии гирифторшавӣ ба КОВИД пешгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тоҷикистон ба марҳилаи чоруми эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 омода мешавад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон маълум шуд, тасмим дар бораи эмкунӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар аллакай қабул шудааст.
Дар ҳамин ҳол, то кунун дар бораи санаи дақиқи оғози эмгузаронии аҳолӣ хабар дода нашудааст.
Ҳамин тавр, тайи ду моҳи охир дар кишварҳои ҳамсоя афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон ягон мавриди ин беморӣ расман сабт нашудааст, аммо тадобири назорат дар марз пурзӯр шудааст.
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Доруи тоҷикӣ алайҳи коронавирус аз ҷорубак: шарҳи президенти Академияи илмҳо
Ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Ёдовар мешавем, ки вояи аввали воксин аз коронавирусро дар Тоҷикистон 98,8 дарсади аҳолӣ гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан маълум шуда буд, олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ тавонистанд як доруеро ихтироъ кунанд, ки бояд дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад.
Маълумоти муфассал дар бораи доруи ихтироъшуда пас аз гирифтани патент дода мешавад.
Ҳоло фақат маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои куҳӣ, аз ҷумла аз гиёҳи ҷорубак тайёр карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0