Тоҷикистону Русия имкони ихроҷи зудтари муҳоҷирони боздоштшударо баррасӣ карданд

© Посольства Таджикистана в РФПредставители посольства Таджикистана посетили Сахарова
Представители посольства Таджикистана посетили Сахарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Душанбе ва Маскав масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаи кишвар дар Русияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав боздид карданд, иттилоъ додаст сафорати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот кормандони Сафорат бо муовини сардори муассисаи мазкур Сергей Полежаев дидору мулоқот карданд.
“Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон кормандони сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Палаточный лагерь для нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз боздоштгоҳи Сахарова ба ватан фиристода мешаванд
Манбаъ илова кардааст, ки ба шаҳрвандони вобаста ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо дода шуданд.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин боздоштгоҳ қарор доранд, кормандони сафорат як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз супурданд.
Лентаи хабарҳо
0