Натиҷаи талоши варзишгарони тоҷик дар чор рӯзи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

© Акс аз Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонВарзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Обуна шудан
Дар чор рӯзи аввали Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ намояндагони Тоҷикистон ба гирифтани се медал: 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ноил гардиданд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчии Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия дар ҷои 30-юм қарор дорад.
Медали нуқраро Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук - мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ сазовор шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба хабари манбаъ, Аҳмадиев бо натиҷаи 7.86 мақоми дуюмро азхуд кард.
Ду медали биринҷиро Асламҷон Азизов ва Фирӯз Мирзораҷабов куштигирони тоҷик ба даст оварданд.
Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои исломӣ эълон шуд
Бояд гуфт, ин мусобиқа то 18 август идома меёбад. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 47 варзишгар иштирок мекунад. Варзишгарон аз рӯи 8 намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва куштӣ рақобат мекунанд.
Пас аз натиҷагирии чор рӯз дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ, Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 137 медал гардидаанд.
Эрон бо 22 медали тилло, 18 нуқра, 16 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва Ӯзбекистон бо 18 медали тилло, 14 нуқра, 21 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Лентаи хабарҳо
0