Иштироки Азим Иброҳим дар конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

© Пресс-служба правительства Кыргызской республикиЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири нақлиёти Тоҷикистон барои ширкат дар як конфронси байналмилалӣ ба Туркманистон сафар хоҳад кард ва ҳайати кишварро дар ин чорабинӣ роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар конфронси вазирони нақлиёти кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ки дар Туркманистон баргузор мешавад намояндагони 32 кишваре, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, бо иттифоқи ҳудуди 30 созмони хориҷиву байнулмилалӣ ширкат мекунанд.
Дафатари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин конфронс 15 ба 16 августи соли равон дар мавзеи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон баргузор мешавад.
“Қарор аст вазири нақлиёти Тоҷикистон раёсати сессияи чоруми конфронс таҳти унвони “Тезонидани рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ ва транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқаррорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19” ба дӯш дошта бошад”, - гуфт манбаъ.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар ин конфронс ҳамчунин шомили сардори муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Раҳмиддин Саломзода ва намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон аст.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Азим Иброҳим: Корҳои таъмиру ободонии нақби “Истиқлол” идома дорад
Конфронси мазкур масоили рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҳамгироии системаи инфрасохтори ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд дод.
Тоҷикистон яке аз 32 кишвари маҳсур ба хушкӣ дар ҷаҳон аст, ки ҳеҷ роҳи баромад ба баҳрҳоро надорад. Аз ин хотир, ин кишвар талош мекунад, ки ба хотири рушди тиҷорат тариқи даҳлезҳои нақлиётӣ бо бандарҳо дар ҷанубу шимол васл шавад.
Қаблан вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар пайи даст ёфтан ба ҳадафи стратегии бурунрафт аз бунбасти иртиботӣ як ҳадафи дигарро ба унвони табдил ёфтан ба як кишвари транзитӣ рӯи даст гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0