Фавти панҷ зан дар ду садамаи мудҳиш дар Хатлон

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Давоми ду рӯзи гузашта дар ҷануби Тоҷикистон ду сонеҳаи нақлиётӣ ҷони панҷ зани солхӯрдаю ҷавонро гирифтааст. Мақомот ронандагонро муқассир медонанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар пайи як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” се зан ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохила ҳодиса 15-уми августи тахминан соати 17:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара рух додааст.
Ин ниҳод сабаби сонеҳаро ноуҳдабароии ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатов Тағайи 27-сола, сокини шаҳри Кӯлоб медонад, ки , ҳангоми ҳаракат ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла”, таҳти идораи Кобулиев Камолиддини 43-сола бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла”, Турдиева Миҷгонаи 36-сола, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва Шарипова Оқиламоҳи 62-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Фоҷиа дар Ҳисор: модар ва фарзандонаш зери чархи "Тойота Кэмрӣ" ҷон доданд
Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Салимова Фирӯзаи 45-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ҳамчунин мақомот мегӯянд, нисфирӯзии 14 август низ дар маркази ноҳияи Данғара бархӯрди се мошин сабт шуд, ки дар пайи он ду зани солхӯрда ҳалок ва як тани дигар захмӣ гашт.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Назирзода Рамазони 19-сола, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста чароғаки роҳнаморо бо ранги сурх гузашта дар миёнаи чорроҳа аввал ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”,ва баъдан бо "Тойота-Камри” бархӯрдаст.
Дар натиҷа, мусофирони мошини таҳти фармони Назирзода, ки зоҳиран ҳама хешованданд, Саидова Чиндагули 70-сола, Саидова Дастагули 72-сола 1960, сокинони ноӽияи Данғара, дар беморхона ба ҳалокат расидаву Саидова Гулнораи 37-сола дар беморхона бистарӣ шудаасӣ.
Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро низ таҳқиқ доранд
Лентаи хабарҳо
0