Уфти рублу евро ва болоравии доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ давоми як рӯз дар Тоҷикистон нисбат ба арзи миллӣ як сомонӣ коҳиш ёфтааст, аммо дар баробари ин қимати доллару евро каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 163,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 164,5 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, рӯ ба беҳбуд дорад. Агар рӯзи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.2569 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад 10.2591 муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4704 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.6144 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Кремл гуфт, доллар мавқеашро ҳамчун асъори захиравӣ аз даст дод
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 163,5 ва дар фурӯш 166 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" низ бо цимати монанд ба "Эсхата" харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 163,5 ва ҳангоми фурӯш 166 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0