Муаррифии намояндаҳои Тоҷикистон дар ҳамоиши занони СҲШ

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ruСтенд с символикой ШОС
Стенд с символикой ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Чанд бонуи мансабдори тоҷик ба намояндагӣ аз кишвар дар ҳамоиши занони ҷамоҳири узви СҲШ, ки дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар ҳамоиши занони СҲШ, ки қаблан бояд дар Самарқанд баргузор мешуд ва баргузории он ба шаҳри Тошканд кӯчонида шуд, ҳайати Тоҷикистон ширкат хоҳад кард, иттилоъ додааст вазорати хориҷаи кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин Ҳамоиш Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, раиси кумаитаи занон, Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва боз як вакили парлумон ширкат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур 19 август дар шаҳр Тошканд баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш мавзӯъҳо аз қабили баробарии гендерӣ ва ҳамчунин тавонмандии занон дар фазои созмон баррасӣ шаванд.
Заседание Совета глав государств Шанхайской организации сотрудничества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
СҲШ бузург мешавад: талоши 10 кишвари дигар барои пайвастан ба ин созмон
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар самтҳои муҳимтарини ҳадафҳои рушди устувор ва табодули таҷриба баргузор мешавад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0