Садамаи маргбор: худрав бибию набераи хурдсолро зер кард

CC0 / Pxhere / Ребенок с игрушкой на дороге, архивное фото
Ребенок с игрушкой на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Садамаи маргбор дар ноҳияи Мастчоҳ рух дода, мақомоти умури дохилии минтақа сабаби рух додани онро ноуҳдабароии ронанда арзёбӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Мошини "Опел-Астра", таҳти идораи сокини 43-солаи ноҳияи Мастчоҳ бибию набераи хурдсолро дар ҳудуди ҷомати деҳоти Оббурдони ҳамин ноҳия зер кардааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани 52-сола ва наберааш - духтарчаи 3-соларо, ки аз роҳ мегузаштанд, пахш кардаст.
Дар натиҷа кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, модаркалонаш дар беморхона бистарӣ гардидаст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи сонеҳаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Ҳисор модари ҷавоне бо ду фарзандаш ҳалок шуда буд.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Ноболиғ зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон дод: садама дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота Камри", сокини 24-сола ноҳияи Рӯдакиро муттаҳам хонд.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, зани 27-сола, сокини шаҳри мазкурро бо ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш зер кардааст.
"Мутаасифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш модар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд", - афзудааст манбаъ.
Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, дар робита ба ин садама таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0