Вазири толибҳо гуфт, бо 16 давлат муносиботи расмӣ барқарор кардаанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставитель движения "Талибан"
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати толибҳо тавзеҳ надод, ки мушахассан бо кадом давлатҳо муносиботи расмӣ барқарор намудаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Толибҳо тайи як соли ҳукуматдорияшон дар Кобул тавонистаанд бо 16 давлати дунё муносиботи расмӣ қарор созанд, хабар додааст Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар суҳбат бо "Al Jazeera"
Sputnik Афғонистон бо овардани иқтибос аз ин суҳбат, таъкид намудаст, ки вазири ҳукумати ҷадид номбар накардааст, ки кадом давлатҳоро дар назар дорад.
Манбаъ афзуд, ки Суҳайл Шоҳин, намояндаи таъйиншудаи толибҳо дар СММ дар шарҳи ин иддао ба РИА "Новости" гуфтаст, гап дар мавриди давлатҳое меравад, ки дипломатҳои толибҳоро қабул кардаанд.
Феълан ҳадди ақал дар мавриди 5 давлат - Эрон, Русия, Туркманистон, Чин ва Покистон иттилоъ расонаӣ шудааст, ки дипломати фиристодаи толибҳоро қабул кардаанд.
Мутаққӣ изҳор доштааст, ки тайи муддати ҳукуматдорияш дар Кобул, аз Афғонистон ҳайати 50 давлати дунё боздид кардааст.
Вай дар мавриди ҳуқуқи занон ба кор зикр намудаст, ки феълан дар бахши тандурустӣ 14 ҳазор зан ба кор ҷалб гардида, ҳудуди 92 ҳазор нафари дигар дар бахшҳои дигар, аз ҷумла маориф фаъолият доранд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Лавров аз оғози маъмурияти нахустин дипломати ҳукумати толибон дар Русия хабар дод
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0