Ҷудокорони тоҷик дар рақобати даставӣ дар БҲИ соҳиби ҷоиза шуданд

© НОК РТСборная Таджикистана по дзюдо
Сборная Таджикистана по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ки дар Қунияи Туркия рақобат мекунад, соҳиби як медали дигар шуд, аммо бидуни тило монд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои V-уми ҳамбастагии исломӣ дар Конияи Туркия дар сабқати дастаҷамъӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст.
Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои дастаи Тоҷикистон ба 8 адад расид.
Дар даври чорякфиналии ҳисоби даставӣ тоҷикон бар тими Сенегал пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз тими Озарбойҷон шикаст хӯрданд.
Дар мубориза барои ҷойи севум мунтахаби Тоҷикистон бар қазоқҳо пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Илдар Аҳмадиев дар риштаи варзиши сабук медали нуқра, Екатерина Ишенко дар тенниси рӯи миз, Комроншоҳ Устопириён дар ҷудо медали нуқра ба даст оварда буданд.
Федерация таэквондо и кикбоксинга Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Сӣ соли шуҳрат. Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон солгардашро таҷлил мекунад
Инчунин Асламҷон Азизов дар куштии юнониву румӣ дар вазни то 55 кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 63 кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг ва Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Бозиҳо рӯзи 18 август бо ҷамъбасти натоиҷи мусобиқоти каратэ, тирандозӣ ва кикбоксинг ба анҷом мерасанд. Бегоҳӣ бошад, маросими пушидашавии бозиҳо барпо мегардад.
Бар асоси натоиҷи 9 рӯзи Бозиҳои V-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон Туркия дар садри ҷадвал аст. Варзишгарони ин кишвар 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ӯзбакистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра ва 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷойи дувум, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра ва 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷойи севум мебошанд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 биринҷӣ дар байни 56 кишвари ширкаткунанда дар ҷои 29-ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0