"Хуҷанд" бо шикаст аз "Суғдиён” аз ширкат дар Ҷоми КФО-2022 маҳрум шуд

© ФФТРақобат "Хуҷанд" ва "Суғдиён" дар Ҷоми КФО-2022
Рақобат Хуҷанд ва Суғдиён дар Ҷоми КФО-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Бозиҳои Ҷоми КФО-2022 барои бошгоҳи шинохтаи шимоли Тоҷикистон, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба тавре поён ёфтанд, ки ҳаводорони ин тим онро интизор надоштанд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тими “Хуҷанд” дар бозии финали минтақаи марказии Ҷоми AFC-2022 шикаст хӯрд.
Бошгоҳи тоҷикистонӣ бо барандаи медали нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах вориди сабқат шуда, онро бо ҳисоби 0:4 бохт.
Бозии дастаҳо асри 17 август дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Молодежная сборная Таджикистана на вручении наград - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Поёни CAFA-2022: Тоҷикистон кадом ҷойро гирифт?
Футболбозони хуҷанди натавонистанд ба дарвозаи ҳариф ягон гол ворид созанд, аммо якто ба дарвозаи худ иштибоҳан ворид сохтанд. Ин иштибоҳро Фирдавс Абдусаломов кард.

Голҳои "Суғдиён"- ро Ҷасур Ҳасанов, Шоҳрӯз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов вориди дарвозаи бошгоҳи "Хуҷанд" сохтанд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2022 "Суғдиён" рӯзи 6-уми сентябр дар майдони худ "Лиони Шарқӣ"- и Ҳонгконгро қабул мекунад.
Бино ба гуфтаи таҳлилгарон бошгоҳи "Хуҷанд" дар ин рақобат хуб набозид ва он ҳама тавонмандиҳояшро натавонист бар зидди ҳарифонаш нишон диҳад, ки мунҷар ба шикаст шуд.
Лентаи хабарҳо
0