Мақомоти Суғд гуфтанд, кадом ноҳияҳои вилоят ба камбуди пизишк мувоҷеҳанд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкВрач в палате
Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Масъулони Раёсати тандурустии Суғд омореро ироа карданд, ки аз мушкили норасоии табибону кормандони умури тиббӣ дар шаҳру навоҳии ин вилоят шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Раёсати тандурустии Суғд мегуяд, ҳоло ба аҳолии ин вилоят 5193 табиб ва 17858 корманди миёнаи тиб хизмат мерасонад.
Бино ба маълумоти оморӣ ҳоло шумори аҳолии вилояти Суғд ба беш аз 2, 7 миллион рақам зада мешавад.
Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфт, ки дар сатҳи вилоят нишондоди таъминоти табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19 табиб баробар буда ба ин теъдод аҳолӣ 65 кормандони миёнаи тиб рос меояд.
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Маорифу тандурустӣ дар Суғд аз нақша камтар пул гирифтанд
Вале сардори Идораи тандурустӣ шаҳру ноҳияҳоеро ном бурд, ки омори таъминоти табибон ва ҳам кормандони миёнаи соҳа дар онҳо хеле паст будааст.
“Нишондоди нисбатан пасти таъминот бо мутахассисони соҳа ба 10 ҳазор аҳолӣ дар ноҳияҳои Деваштич 11 табиб, Зафаробод 12, Айнӣ 11, Бобоҷон Ғафуров 12 ва дар Мастчоҳ ба 13 табиб баробар аст” - иброз намуд, Муҳиддинов.
Бино ба иттилоъи манбаъ ҳоло таъминоти аҳолӣ бо кормандони миёнаи тиббӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ба 39, Мастчоҳ 48 ва дар Спитамен ба 41 баробар будааст, ки ин шумор аз омори сатҳи вилоят хеле поён гуфта мешавад.
Бар пояи омори Идораи тандурустӣ ҳоло дар вилояти Суғд 934 муассисаи тандурустии давлатӣ ва 238 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият мебарад.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Дар Хатлон духтур намерасад: 269 пизишк корро тарк карданд
Муҳиддинов гуфт, ки аз оғози соли ҷорӣ то ин вақт 137 табиб дар миқёси вилоят ба кор қабул карда шудаанд, вале ӯ нагуфт, ки дар ин муддат чанд тибиби касбӣ тарки кор кардааст.
Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи тарки кор кардану ба муҳоҷират рафтани табибон дар расонаҳои хабарӣ бештар паҳн мешаванд.
Рӯзи 18 августи ҳар сол ҳамчун иди табибон дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана зодрӯзи Абӯалӣ ибн Сино аст.
Чанд рӯз қабл зимни сафари кориаш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба 45 нафар кормандони соҳаи буҷҷетӣ калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим кард, ки дар қатори онҳо табибон ҳам буданд.
Ҳукумати вилояти Суғд барои ҳавасмандгардонии табибону омӯзгорон бунёди хонаҳои истиқоматӣ ваъда кардааст.
Лентаи хабарҳо
0