Русия аз нақшаи амалиёти иғвоангезонаи Киев дар нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запороже гуфт

Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нерӯҳои Русия на дар ҳудуди нерӯгоҳи барқӣ ва на дар минтақаҳои шафати он силоҳи вазнин надоранд ва ҳама чораҳоро барои бехатарии он меандешанд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия имрӯз 18 август эълон кард, ки Киев дар нерӯгоҳи барқи атомии Запороже як амалиёти иғвоангезона омода мекунад.
Игор Конашенков, сухангӯи ин ниҳод изҳор дошт, ки 19 август дар ҷараёни сафари дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба Украина режими Киев як амали иғвоангезе омода мекунад, ки дар нерӯгоҳи атомии Запороже садо хоҳад дод.
Ӯ гуфт, ҳадаф сохтани иттиҳомот алайҳи Русия барои эҷоди фалокати технологӣ дар ин нерӯгоҳи барқии атомӣ аст.
Мавсуф гуфт, ки барои омодагӣ ба иғво фармондеҳии гурӯҳи оперативӣ-тактикии “Днепр” то 19 август дар вилояти Запороже постгоҳҳои назорати радиатсионӣ, инчунин қисмҳои таълимии бригадаи 108-уми дифоъи заминӣ, бригадаи 44-уми артиллерия таъсис медиҳанд ва тадбирҳо дар шароити радиатсионӣ ва олуда шудани минтақа меандешанд.
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Небензия: Киев ҷаҳонро ба фалокати ҳастаӣ мебарад
Илова бар ин, воҳидҳои дивизияи 704-уми дифои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бояд то 19 август тамаркузи худро дар вилояти Запороже анҷом дода, барои рафъи садамаи эҳтимолӣ дар нерӯгоҳи барқи атомии Запороже инчунин маҷмӯи чораҳо оид ба рафъи оқибатҳои эҳтимолии он омода бошанд,
"Роҳбарияти Украина борҳо сарусадоҳоро сохт, ки нирӯҳои Русия ин нерӯгоҳро ишғол кардаанд ва аз системаҳои тӯпхонаҳои дурпарвозро шиллик мекунанд ва дар паси ин нерӯгоҳ пинҳон шудаанд", - афзуд Конашенко.
Ӯ таъкид кард, ки нерӯҳои Русия на дар ҳудуди нерӯгоҳи барқӣ ва на дар минтақаҳои шафати он силоҳи вазнин надоранд.
"Дар он ҷо танҳо шӯъбаҳои амниятӣ мавҷуданд. Қувваҳои мусаллаҳи Русия барои таъмини бехатарии пойгоҳ барқии атомии Запороже тамоми чораҳоро мебинанд", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0