Шеваи табдили Украина ба камикадзе

© Sputnik / Sergey Baturin / Гузариш ба медиабонкБоевые снаряды, собранные кузнецом из Донецка Виктором Михалёвым для изготовления сувениров
Боевые снаряды, собранные кузнецом из Донецка Виктором Михалёвым для изготовления сувениров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Таҳдиди ИМА барои эътирофи Русия ба унвони як ҳомии терроризм бо тасмимҳои мушобеҳи хироҷгузорони Вашингтон - элитаи кишварҳои Соҳили Балтика ҳамроҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik, Давид Нармания. Моҳи май роҳбарияти Литва ҷуръат кард, ки ба чунин икдом даст занад ва ҳафтаи гузашта ҳамсояҳоя дар Рига чунин тасмим гирифтанд.
Дар баробари ин ба назар мерасад, ки сохтори амрикоӣ чунин сенарияро ҷиддӣ баррасӣ мекунад: қатъномаи мувофиқро аллакай Сенати ИМА қабул кардааст, аммо давлати Байден ба дастгирии он шитоб намекунад. Аз ҷумла ба навиштаи матбуот, котиби давлатӣ Энтонӣ Блинкен бо он муқобила мекунад.
Сабабҳо мушаххасанд: чунин иқдом Вашингтонро на танҳо маҷбур мекунад, алайҳи муттаҳидони худаш, ки бо роҳҳои мухталиф тиҷорат бо Кремлро идома медиҳанд, таҳрим ҷорӣ кунад, балки ҳама гуна муносибат бо Маскавро дар давраи бадтарини таърихӣ ҳадди ақал баъд аз буҳрони Куба қатъ кунад.
Кремл аллакай изҳор дошт, чунин иқдом вазъи корҳоро ба куллӣ тағйир медиҳад ва намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова таъкид кардааст, ки агар Конгресс чунин як қатънома қабул кунад, муносибатҳои ду кишварро бояд фаромӯш кард.
Президент РФ В. Путин принял Главный военно-морской парад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
"Путин ҳақ аст". Замони қатъи кумакҳои Ғарб ба Украина фаро мерасад
Мулоҳизаҳои беҳудаи сиёсатмадорони Амрико набояд ба иштибоҳ андохта шаванд. Вашингтон бо мақоми сарпарасти терроризм таҳдид мекунад, ки гӯё таҳқиромез аст, гарчанде худи Иёлоти Муттаҳида дар ҳама муноқишаҳо аз навъҳои гуногуни радикалҳо пуштибонӣ кардааст: Афғонистон, Чеченистон, Ироқ, Либия, Сурия. Дар тамоми ин даргириҳо касоне, ки дар як ҷомеаи демократӣ мавриди озору азият қарор мегиранд, аз Ғарб ёрӣ гирифтаанд, хоҳ пул ва хоҳ яроқу аслиҳа.
Аммо имрӯз мақомоти амрикоӣ бо эҷоди як давлати камикадзеи тамомайёр аз Украина терроризмро ба сатҳи нав расонданд.
Худ қазоват кунед: ба истилоҳ президент Зеленский ошкоро эълом мекунад, ки нерӯҳои Украина зарба задан ба нерӯгоҳи ҳастаии Запорожеро идома медиҳанд, зеро воҳидҳои Русия дар он ҷо мустақар ҳастанд ва парвое надоранд, ки чунин амалҳо метавонанд ба фалокати экологӣ мунҷар шаванд.
Дар айни замон чизе чунин ҳуҷумҳоро сафед карда наметавонад: баъди зарбаи рӯзи якшанбе пораҳои мушак 400 метр дуртар аз блоки энергетикии фаъол уфтоданд. Тирандозии дақиқи тӯпхонаи украинӣ суолҳоеро ба миён меорад: Краматорск ва Еленовка барои одамони солим ду гузинаро боқӣ мегузоранд ва чунон ки Иосиф Сталин гуфтааст, "ҳар ду бадтаранд": ё онҳо хатоҳои даҳшатоваранд ё ин ки ҷиноятҳои ҷангӣ мебошанд.
Дар ин замина амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Никопол боз ҳам бепарвотар ба назар мерасанд. Киев дар он ҷо як полки ҷудогонаи нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологиро мустақар кардааст, ки шумораи нерӯҳои он то ҳазор нафар низомиро дар бар мегирад. Вазорати дифои Русия бар ин назар аст, ки ин аз як иғвои дар пешистода шаҳодат медиҳад. Тавре генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази назорати миллии дифои Русия таъкид кард, ҳама гуна амал дар минтақаи ПБҲЗ ба амнияти ҳастаии тамоми қитъа таҳдид мекунад. Украина аслан ҳамчун камикадзе рафтор мекунад.
Денежные купюры и монеты России и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
"Фурсати кам боқӣ мондааст". Он чӣ иқтисоди Украина рӯ ба рӯ мешавад
Илова бар ин дар аввали ҳафта дар бораи амали тахрибкорони украинӣ дар вилояти Курск низ хабар расид: онҳо дар он ҷо шаш пояи барқро, ки барқашон аз нерӯгоҳи ҳастаӣ меомад, тарконданд.
Дар баробари ин қувваҳои мусаллаҳи Украина тирборони Горловкаро давом дода истодаанд: чанд рӯз пеш коргоҳи "Стирол" аз тариқи тӯпхона тирборон шуд. Худи корхона аслан аз соли 2014 ба ин сӯ фаъолият намекунад, аммо гӯристони корхонаи кимиёии маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст.
Умуман аскарони Украина бо тамоми амалиёти худ ба вуҷуд омадани фалокати экологиро наздик мекунанд. Аммо рӯйхати ҷиноятҳои онҳо бо ин тамом намешавад. Танҳо минаҳои "Петал", ки қувваҳои мусаллаҳи Украина дар шаҳрҳои Донбасс пароканда мекунанд, чӣ арзиш доранд: онҳо ягон вазифаи ҳарбиро иҷро намекунанд, ҳадафи асосӣ дар ин маврид маҳв кардани мардуми осоишта аст.
Соли 1993 рӯзномаи бритониёии "Индепендент" як мақолаи ҷолибро чоп карда буд: "Ҷанговари зиддишӯравӣ артиши худро ба роҳи сулҳ фиристод". Усома бин Лоден аз акси чоряксаҳифаӣ ба хонанда бо табассум менигарад: матлаб маҳз ба "аъмол”-и ӯ дар Афғонистон бахшида шудааст.
Пас аз камтар аз 30 сол матбуоти ғарбӣ қаҳрамонони дигар доранд: ҳоло Владимир Зеленский ва ҳамсараш дар муқоваи “Vogue” худнамоӣ мекунанд, аксҳоро худи Эннӣ Лейбовитс гирифтааст. Нашрияҳо танҳо аз ҷиҳати характер фарқ мекунанд, моҳияти онҳо як хел мемонад — Ғарб бо роҳбарии ИМА режимҳои радикалиро дастгирӣ карда, ба онҳо пул, яроқу аслиҳа ва дар ҳама шаклаш ёрии иттилоотӣ мерасонад. Ва дар ҳаҷми хеле калонтар аз даҳсолаҳои пеш.
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Ғарб пирӯзии Русияро дар бахши манобеи энержӣ эътироф кард
Тавре Владимир Путин қайд кардааст, Русия дар ҳама ҷо террористҳоро таъқиб хоҳад кард. Ва ӯ, бешубҳа, нақша надорад, ки бо онҳо музокира кунад. Музокироти Минск барои онҳо кофӣ буд, ки ба наздикӣ Петро Порошенко эътироф кард, аслан ҳадафаш ба Украина додани имкони омодагӣ ба ҷанг буд, зеро дар Киев ҳеҷ кас нақшаи иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро надошт.
Бо вуҷуди ин сулҳ дар Украина, бешубҳа, ҳукмфармо мешавад. Аммо дигар на Зеленский хоҳанд буд, на боздошткунандагони ороишию бемаънии ӯ ва на қаллобонҳои дигар, ки дар сиёсати бузург нақш бозидаанд.
Лентаи хабарҳо
0