Ҳушдори обуҳавошиносон: Об шудани пиряхҳо боиси омадани сел мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГоры с высоты в Таджикистане
Горы с высоты в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Обуҳавошиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки бар асари гармои шадид ва обшавии пиряхҳо хатари сар задани офатҳои табиӣ вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки 21 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани селҳо таҳдид мекунад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, киэҳтиёткор бошанд.
“Аз аҳоли хоҳиш карда шудааст, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйборҳои назди хонаҳояшонро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намоянд”, - таъкид кардааст КҲФ Тоҷикистон.
Инчунин ин ниҳоди давлатӣ тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Горы Памира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Бонги хатар: Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод
Манбаъ ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон тавсия додааст, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, бахусус ронандагон бояд қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро ҷиддӣ риоя намоянд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода фавран ба КҲФ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0