Даҳҳо қарори раисон дар Хатлон ғайриқонунӣ хонда шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти додситонӣ дар қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ дар вилояти Хатлон вайрон кардани қонунгузориро ошкор карда, бархеяшонро бекор намудаанд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Додситонҳо дар 6 моҳи аввлаи соли равон нисбат ба 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар ғайриқонунӣ будан эътироз овардаанд, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Ба иттилои манбаъ, аз ин теъдод 84 адад бекор ва 75 адади дигар ба қонун мутобиқ гардонида шуданд.
Дар мавриди он, ки дар кадом шаҳру навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ қарори раисон бекор шудаанд, аз қавли раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, Диловар Пирзода омор оварда шудааст.
"Бекоршавии қарорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб - 6 адад, Левакант - 3, Бохтар - 1, Қубодиён - 15, Хуросон - 11, Панҷ - 10, Восеъ ва Фархор - 9, Шаҳритус - 5, Муъминобод - 4, Абдураҳмони Ҷомӣ - 2 ва Ёвону Шамсиддини Шоҳин 2-ададӣ ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Пирзода.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифт: парвандаи мансабдори ноҳияи Деваштич
Таъкид шудааст, ки аксари қарорҳои бекоргардида ба замин вобаста буда, далели ҷой доштани чунин раванд бемасъулиятии баъзе роҳбарон арзёбӣ шудаст.
Бар асоси омори расмӣ, дар маҷмуъ додситонии вилояти Хатлон дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 92 санҷиш гузаронда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1839 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.
Дар баробари ин барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, беш аз 3,2 ҳазор гектар замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати пешина баргардонда шуд.
Лентаи хабарҳо
0