Тоҷикистон аз Русия миқдори рекордии моҳии яхкардашуда гирифт

Рыбные стейки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Моҳи августи соли ҷорӣ ширкатҳои Новосибирск ба ду кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон миқдори зиёди моҳии яхкардашуда фиристодаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Аз Новосибирск ба Тоҷикистон миқдори рекордии моҳии яхкардашуда фиристода шуд, хабар медиҳад BFM бо истинод ба Росселхознадзор.
Гуфта мешавад, ширкатҳои Новосибирск ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 207,6 тонна моҳии яхкардашуда содир кардаанд. Ин танҳо барои моҳи ҷорӣ аст.
Дар моҳи августи соли 2022 корхонаҳои минтақа ба панҷ кишвар маҳсулот фиристоданд.
Танҳо дар давоми як ҳафта аз 15 то 21 август аз вилояти Новосибирск ба хориҷа зиёда аз 250 тонна чунин маҳсулот фиристода шуд.
Илова бар ин, дар гузориши бахши вилоятии Росселхознадзор содироти моҳии Русия ба Олмон зикр шудааст.
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Раҳмон қонунҳо дар бораи моҳипарварӣ, дору ва стратегияи давлатро имзо кард
Истеҳсолкунандагони Русия 17,1 тонна моҳии яхкардашуда ва 4,47 тонна ашёи хоми пустӣ фурӯхтаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Сайди моҳӣ зиёда аз 1,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давра 33,1 фоиз зиёд аст.
Кишвар барои таъмини бозори дохилӣ бо моҳии худӣ чораандешӣ намуда, барои кормандони ин бахш сабукиҳои андозӣ ва ҳатто заминҳо ҷудо кардааст, аммо давлат ҳоло аз вобастагии хориҷӣ набаромадааст.
Раисҷумҳур дар ин самт қонунеро "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" моҳи июли соли ҷорӣ имзо кард.
Лентаи хабарҳо
0