Ваксинагирии даҳҳо ҳазор корманди соҳаи тиб дар Тоҷикистон

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкМедицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
Давраи чоруми ваксинагирӣ алайҳи бемории коронавирус дар Тоҷикисон аз кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардида, аллакай даҳҳо ҳазор нафарро фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давоми як ҳафтаи охир наздики 37 ҳазор корманди соҳаи тиб бо ваксинагирии дигарбора фаро гирифта шуданд, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ ваксинагирии дигарбораи кормандони соҳа, бо назардошти вазъи мураккаби гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар якчанд кишвари минтақа роҳандозӣ шуд.
"Шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид, ки аллакай дар ин марҳила 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар маҷмуъ аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар мамлакат беш аз 5,3 млн нафар ё 94,9% вояи якум гирифтаанд.
Инчунин зиёда аз 2,2 млн нафар - 93,3% бо вояи дуюм ва зиёда аз 4,9 млн нафар бо вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус фаро фаро гирифта шуданд.
Знак биологическая опасность - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Ҳамон Аҳмади порина: тоҷикистониён мубталои COVID-е мешаванд, ки расман дар кишвар нест
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ваксинагирӣ барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло ваксинагирӣ ҳатмӣ мебошад. Тоҷикистон дар маҷмуъ 18,2 млн ваксинаи зидди COVID-19 дастрас намудаст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар гуфт, ки феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад. Дар зимн ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд, изҳор дошт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0